МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН

1/43

МУБОРИЗАИ БУЗУРГ ВА УМЕДИ БУЗУРГТАРИН

САРСУХАН

Вақте ки фалокатҳо хонаҳоро вайрон мекунанд, вақте ки орзуи муваффақиятҳо бар бод меравад, вақте ки азизон бемор мешаванду марг одамони ба қалб наздики моро ба коми худ мекашад, танҳо умед метавонад барои ба пеш кадам ниҳодан ба мо қувва бахшад. Умед ба он ки фардо назар ба имрӯз беҳтар мешавад, умед ба он ки ҳама чиз дар зиндагй дуруст ва аз имрӯза дида беҳтар мегардад. MБУБ 5.1

Китоби «Муборизаи бузург» - таърихи умед аст. Сарфи назар аз он ки ин китоб дар услуб ва контексти таърихии охири асри XIX - ибтидои асри XX навишта шудааст, мавзӯъи он ба ваъзияти корхо дар аввали асри XXI мувофиқат мекунад. Ин таърихи Худоест, ки асли Ӯ муҳаббат аст, Худое ки нақшаи наҷотро ҳанӯз пеш аз офариниши инсоният пешбинй намуда, инсониятро ҳимоя кардан ва наҷот додан мехоҳад. Вақте ки азобу марг пайдо шуданд, Худо вайроншавии заминро назорат намуда бефаъолиятӣ нишон намедод. Ӯ ба амалӣ намудани нақшаи наҷот, нақшае шурӯъ кард, ки ба ҳар як одам дахл дорад ва то кунун амал мекунад. MБУБ 5.2

Дар таърихи башарият одамони зиёде буданд, ки даъвои тафсир намудани таълимоти Китоби Муқаддасро мекарданд. Умеду осоиштагй борҳо аз ҷониби нафароне поймол гардидаанд, ки аз номи Худо ва ба хотири исми Худо амал намудани худро исбот мекарданд. Ҷаҳон имрӯз низ пур аз дарки нодурусти хислати Худо ва шубҳаҳо ба далели мавҷудияти Ӯст. MБУБ 5.3

Вале, дар ҳар сурат, муҳаббати Худо нисбати инсон заиф нагашт. Новобаста аз он ки дар бораи Ӯ чй мегӯянд ва чӣ гуна таълимотҳоро паҳн мекунанд, ҳақиқат дар бораи Худо дар каломи Ӯ сабт ёфтааст ва он ба ҳар нафаре ошкор мегардад, ки онро аз самими қалб ҷӯё мешавад. MБУБ 5.4

Оё шумо ҳақиқат, осоиштагӣ ва умедро ҷустуҷӯ мекунед? Шумо ба кй муроҷиат кардан мехоҳед? Одамон ҳарчи бештар сиёсати қувваро ба кор мебаранд. Вазъияти иқтисоди ҷаҳонӣ вазнинтар мешавад. Офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ зарари бениҳоят калон расонда, ҳазорон одамонро ба ҳалокат мерасонанд. Хиради инсонӣ дигар ояндаи дурахшонро ваъда намедиҳад ва ба зиндагии саодатмандона умед намебахшад. MБУБ 5.5

Вале мо бе умед гузошта нашудаем! Ба амали дасти Худо дар таърихи инсоният назар андозед ва шумо мебинед, ки V баҳри наҷот додани инсон ба замин омад. Хдқикатеро, ки шуморо аз дурӯги шайтон ҳимоя мекунад, барои худ ошкор созед. Ҳакиқатеро. ки ваъдаи ҳаёти ҷовидонаро ҳадия намуда, ҳаёти шуморо дигаргун месозад пайдо кунед. MБУБ 6.1

Ва, ниҳоят, ба оянда аз миёни пешгӯиҳои пайғамбаронаи Китоби Муқаддас нигоҳ кунед, ба таърихи нонавишта назар андозед. Вақте ки ҷаҳон вайрон мешавад, Худо шуморо дар дасти Худ боз ҳам сахттар нигоҳ медорад. To замоне ки мо бо Ӯ ҳастем ояндаи мо бехатар аст. MБУБ 6.2

Новобаста аз он ки дар ҳаёт ва дар атрофи шумо кадом ҳодисаҳо рӯй медиҳанд шумо метавонед ба фардо умеди бузург ва боварии комил дошта бошед. Қалби худро барои умеде ки имрӯз Худо пешниҳод месозад. во кунед. MБУБ 6.3

Нашркунандагон MБУБ 6.4